Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бори навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш идома дорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвили изҳор боварӣ мешавад, ки фаъолияти президенти тозаинтихоби Тоҷикистон минбаъд низ ба таҳкими анъанавии муносиботи дӯстонаи Гурҷистон ва Тоҷикистон равона мегардад.
Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова дар номаи шодбошии худ мегӯяд: «Итминон дорам, ки таҳти раҳбарии хирадмандонаатон Тоҷикистон, чӣ тавре ки ман зимни сафари қаблиам ба Тоҷикистон мушоҳида намудам, пуштибони асили ЮНЕСКО ва фаъолияти он боқӣ хоҳад монд».
Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар барқияи худ таъкид менамояд, ки «Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ҳамеша пуштибони пайвастаи рушди динамикии муносибатҳои дӯстии миёни Русияву Тоҷикистон ва ҳамкории муттаҳидонаи дорои решаҳои амиқи таърихӣ ва ба манфиати кишварҳоямон буд ва хоҳад монд».
Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар умури мусоидат ба Афғонистон Ян Кубиш дар номаи шодбошии худ зикр мекунад, ки ба ҳамкориҳои минбаъда ва роҳандозии имконоти оянда баҳри робитаҳои густурда, аз ҷумла дар ҷодаи таҳкими сулҳ, амният ва пешрафти минтақа хушбин аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста