Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоевро аз мансаб сабукдӯш намуда, ба ҷойи ӯ Шералӣ Мирзо, сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбониро ба ин вазифа таъин намуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод.
Ӯ зикр кард, ки президент барои хизматҳои шоиста дар ин мансаб ба Шералӣ Хайруллоев миннатдорӣ изҳор намудааст. Котиби матбуотии сарвари давлат аз пешниҳоди маълумот дар бораи минбаъд ба кадом вазифа таъин шудани собиқ вазири мудофиа худдорӣ варзид.
Қобили зикр аст, ки Шералӣ Хайруллоев аз соли 1995 ин мансабро ишғол мекард. Санаи 8-уми ноябри соли равон ӯ 64-сола шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста