Субҳи имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили МН ба аёдати хонаводаҳои Тоҷиев Умедҷон ва Иброҳимов Зуҳур, ду узви боздоштшудаи ҳизб аз деҳаи Чоркӯҳи Исфара рафт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ ба аҳли хонаводаи онҳо изҳори ҳамдардӣ намуда, гуфт, ҲНИТ барои ҳимоя аз Зуҳур ва Умедҷон аз ҳама имкониятҳо дар чорчӯби қонун истифода хоҳад кард.
«Хонадони боздоштшудаҳо ба роҳбари Наҳзат гуфтанд, ки фарзандони онҳо гуноҳе надорад, балки ба онҳо туҳмат задаанд. Дар иваз, Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки ӯ бо вакилони дифоъ ва муфаттишони онҳо суҳбат хоҳад кард ва агар имкон бошад, бо худи боздоштшудаҳо низ мулоқот хоҳад намуд», - омадааст дар иттилои сомона.
Гуфта мешавад, сипас қарор аст бо аъзо ва фаъолони ҳизб дар деҳаи Чоркуҳ ва ҳамчунин дар шаҳри Исфара мулоқот сурат бигирад. Муҳиддин Кабирӣ дирӯз бо як ҳайати баландпояи ҳизб сафари хеш ба вилояти Суғдро оғоз карда буд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ ба унвони прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дархости вакилӣ ирсол намуд , ки дар он санҷиши изҳороти адвокатҳо дар матбуот дар мавриди ҳолатҳои истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони милисаи шаҳри Исфара нисбати аъзои боздоштшудаи ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов хоҳиш карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста