Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсиси ҳайати нави ҳукумати ҷумҳуриро идома медиҳад.
Имрӯз бо фармони президент вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Маҳмадамин Маҳмадаминов аз мансабҳояшон сабукдӯш гардиданд.
Собиқ мушовири президент оид ба сиёсати кадрҳо Шамсддин Орумбков вазири фарҳанги Тоҷикистон ва собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Сумангул Тағоева ба ҷойи М.Маҳмадаминов таъин карда шуданд.
Бо фармони президент Қосим Қосимов аз нав вазири кишоварзии ҷумҳурӣ таъин гардида, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимов ва вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев дар мансабҳои худ боқӣ монданд.
Айни замон тақдири нахуствазир, се нафар муовинони ӯ, вазирони корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисоду савдо, маорифу илм ва раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонанд.
Рӯзи чоршанбе бо фармонҳои президент вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, раиси КДАМ Саймӯмин Ятимов низ дар мансабҳои худ боқӣ монда, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев аз вазифааш озод ва ба ҷойи ӯ собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо вазири мудофиа таъин гардид.
Рӯзи сешанбе бошад, бо фармони президент собиқ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов муовини аввали нахуствазир ва ба ҷойи ӯ собиқ раиси ВМКБ Қодири Қосим раиси ин Кумита таъин шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста