Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш дар робита ба хароб шудани як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Рига, ки ба ҳалокати даҳҳо нафар оварда расонид, барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷумла зикр мегардад, ки «аз хабари хароб шудани як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Рига ва ҳалокати даҳҳо нафар ниҳоят андӯҳгин шудам ва орзумандам, ки осебдидагони ин фоҷиа ҳар чӣ зудтар шифои комил ёбанд».
Бино ба маълумоти ахири Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва наҷотдиҳии Латвия, шумори ҳалокшудагон бар асари хароб шудани бинои маркзи тиҷоратии Maxima дар шаҳри Рига то 53 нафар расида, ҳамчунин 40 нафари дигар осеб дида, 29 тан аз онҳо дар бемористон бистарианд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста