Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ пагоҳ бо муҳоҷирони кории муқими вилояти Тотористони Русия мулоқот оростанист. Вохӯрӣ соати 18:00 дар Хонаи дӯстии халқҳои Тотористон баргузор мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ӯ бо даъвати ҳукумати Қазон барои ширкат дар Форуми байналмилалии «Интегратсияи иқтисоди Авруосиё: Пешрафтҳо ва чолишҳо» ба шаҳри Қазони Русия сафар хоҳад кард. Форум аз ҷониби созмонҳои минтақавии «Маҳфили авруосиёӣ» ва «Муколамаи авруосиёӣ» созмон дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ ки барои иштирок дар “Конфронси бедории исломӣ дар Осиёи Маркзӣ” ба шаҳри Бишкеки ҷумҳурии Қирғизистони ҳамсоя сафар карда буд, зуҳри имрӯз 25 – ноябр бо тоҷикони муқими Қирғизистон мулоқот намуд.
Дар ин вохурӣ, ҳайати ҲНИТ, Ойниҳол Бобоназарова – фаъъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва номзади ягонаи ИНИТ дар интихоботи гузаштаи президентии Тоҷикистон, Турсунбой Боқируғлу - вакили парлумони Қирғизистон, Муҳаммад Салоҳиддинов - роҳбари Анҷумани ташкилотҳои ҷамъиятии «Собрание» ва ҳамчунин яке аз муассисони сомонаи хабарии «Islamnews.ru» ва ғайра ширкат варзиданд.
Роҳбари ҲНИТ аз ҳузури Боқируғлу истиқбол карда, аз нақши Қирғизистон, кишвари ҳамсояи дуст дар сулҳи тоҷикон ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки вақте модари Акаев, президенти пешини Қирғизистон аз дунё гузашт, иҷозат надод ҷанозаи модараш хонда шавад, то созишномаи сулҳро тоҷикон имзо нагардад ва вақте созишномаи сулҳи тоҷикон имзо шуд, баъдан чанозаро ҳамроҳ хонданд.
Ҷаноби Кабирӣ гуфт, ки Қирғизистон нуктаҳои хуби омузандаи зиёде дорад, ки дигарон бояд аз он биомӯзанд, аз чумла дар заминаи демократия ва озодиҳои шаҳрвандӣ улгӯи хубе барои минтақа аст. Ӯ бо муаррифии Ойниҳол Бобоназарова ҳамчун номзад дар интихоботи гузашта, аз шуҷоату миллатдустии Бобоназарова изҳори сипос намуда, гуфт: “Мо аз натиҷаи интихобот руҳафтода нестем ва касоне, ки барои як интихобот ва ё як шахс ба саҳна меоянд, сиёсат ҷои онҳо нест."



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста