Сафари аввалини нахуствазири тозатаъини Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 28-уми ноябр ба шаҳри Тошканд – пойтахти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон сурат мегирад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар Тошканд ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии нахуствазир дар кори ҷаласаи 12-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (28-29-уми ноябр) ширкат меварзад.
«Дар ҷаласаи мазкур имзои созишнома миёни ҳукуматҳои аъзои созмон дар бораи фароҳам сохтани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байнулмилалӣ тариқи роҳи автомобилӣ дар назар аст», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, дар рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин баррасии ҳисоботи Котиботи СҲШ дар бораи ҷараёни амалисозии Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви СҲШ низ зикр гардидааст.
«Расулзода ва ҳайати ҳамроҳи ӯ на тариқи хатсайри алоҳида (чартер)-и ҳавопаймоӣ, балки тавассути шаҳри Хуҷанд бо воситаи нақлиёти автомобилӣ ба Тошканд мераванд», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста