Дар изҳороти имрӯз интишорнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи гуфтушунидҳои Эрон бо гурӯҳи давлатҳои «5+1» зикр мегардад, ки ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурӯҳи давлатҳои «5+1» дар масоили барномаи ҳастаии ин кишвар хушҳолкунанда аст.
«Аз як ҷониб эътироф намудани ҳаққи мусаллами Эрон ба татбиқи барномаи мусолиматомези ҳастаӣ ва аз ҷониби дигар лағв намудани бархе аз таҳримҳои нисбати ин кишвар татбиқшуда омилҳои мусбати ин тавофуқ ба назар мерасанд», - баён мегардад дар изҳорот.
Дар идома гуфта мешавад, «Тоҷикистон ин иқдомоти аввалинро бо қаноатмандӣ истиқбол намуда, умедвор аст, ки марҳилаҳои минбаъдаи гуфтушунидҳо ба ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия мусоидат намуда, барои тақвияти сулҳу субот дар ин минтақаи ҳассос заминаи хубе хоҳанд шуд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста