Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ имрӯзҳо дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия дар кори Форуми «Интегратсияи иқтисодии Евроосиё» ширкат дорад, ки бо ташаббуси Ҳукумати Тотористон ва Агентиии Федералии «Россотрудничество» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар рӯзи аввали Форум Муҳиддин Кабирӣ дар мавзӯъи «Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар таҳкими робитаҳои интегратсионии минтақа» суханронӣ намуда, қайд кард, ки «ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд дар равандҳои интегратсионии барои ҳама кишварҳо судманд нақши мусбат бибозанд, аммо мушкилот ва чолишҳо низ кам нестанд. Аз ҷумла, суст ҳал шудани масоили марбут ба муҳоҷират, амалӣ нашудани санадҳои зиёди имзошудаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҳад зиёд сиёсӣ намудани проектҳои сирф иқтисодӣ байни кишварҳои минтақа аз муҳимтарин мушкилоти монеъшаванда барои ҳамкорӣ ва ҳамоиши бештар мебошанд».
Дар бораи мавқеъи ҲНИТ оиди равандҳои интегратсионии минтақа, Муҳиддин Кабирӣ қайд кард, ки "... ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, новобаста аз гуногунии платформаҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии идеологиашон, аз равандҳои интегратсионӣ байни кишварҳои минтақа мебошанд. ҲНИТ низ аз ин равандҳо пуштибонии ҳаматарафа намуда, ҳарчи зудтар аз шиорҳо ба амалро омили аслии расидан ба натиҷаҳои воқеъӣ медонад. Мутаассифона, бо имзои даҳҳо санадҳои интегратсионӣ, ҳанӯз ҳам бештари онҳо ба марҳалаи иҷро нарасидаанд ва ин вазъият бар зарари ҳамаи миллатҳои минтақа мебошад. Тоҷикистон, ки дар гушаи ҷанубии минтақа дар шароити ниммуҳосараи комуникатсиони қарор дорад, аз иҷро нашудани санадҳои имзошуда ва вуҷуди монеъаҳои гуногун бештар аз ҳама зарар мебинад. Мо хоҳони ҷиддияти бештари шарикони кишварамон дар бардоштани қадамҳои ҷиддӣ ба самти ҳамгаройии минтақавӣ мебошем.”
Муҳиддин Кабирӣ бо ишора ба хатарҳои муштараки кишварҳои минтақа пас аз 2014, соли хуруҷи нерӯҳои НАТО гуфт: «...хатарҳое мисли тундгаройии сиёсӣ ва динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ҳамеша дар минтақа вуҷуд доштанд ва дар оянда, пас аз хуруҷи нато аз Афгонистон шояд бештар шаванд. Бешак, бояд омода буд ва ин хатарҳоро пешгирӣ кард. Вале, набояд мубориза бо ин хатарҳо аз ҳисоби маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон ва озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва динии мардум сурат бигирад.»
Имрӯз кори форум идома ёфта, Муҳиддин Кабирӣ оид ба мушкилоти муҳоҷирати корӣ ибрози назар хоҳад кард. Дар кори форуми Қазон раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин, президенти Тотористон Рустам Минихонов, намояндагони парлумон ва аҳзоби сиёсии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон ҳузур доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста