Рӯзи 27-уми ноябри соли равон дар шаҳри Брюссел бо ташаббуси Фонди Конрад Аденауэр мизи мудаввар дар мавзӯи «Хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ва хавфҳои пайдошаванда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ» барпо гардид, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев ширкат намуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинӣ Намояндаи махсуси Иттиходи Аврупо дар кишвархои Осиёи Маркази Патрисия Флор, намояндагони баландпояи Комиссияи Аврупо, НАТО, марказҳои сиёсатшиносӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, сафоратҳо, Парлумони Аврупо ширкат варзиданд.
Дар маркази диққати чорабинӣ муҳокимаи чолишҳои амниятии бамиёномада баъд аз хуруҷи Нерӯҳои байналмилалӣ, инчунин роҳҳои пешгирии чолишҳои амниятӣ ва ҳалли мушкилиҳои Афғонистон муҳокима гардиданд.
Сафири Точикистон дар баромади худ инкишофи хамкорихои судманди дучонибаи Тоҷикистонро бо Афғонистон дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, мубориза алайхи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм изҳор намуд.
Ӯ қайд кард, ки тамоми кишварҳо бояд дар мубориза бо чолишҳо ва хавфҳои пайдошаванда бо Афғонистон ҳамкории амалиро ба роҳ монанд.
Сафир иброз дошт, ки иштироки Афғонистон дар ҳамгироии минтақавӣ тавассути ҳамкориҳои иқтисодиву тичоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя омили калидии таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он хоҳад буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста