Рӯзҳои 26-27-уми ноябри соли равон сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар кори конфронси байналмилалии «Шаҳрҳои сабз. Саноати сабз», ки дар шаҳри Магдебурги Олмон баргузор гашт, иштирок намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти конфронс масоили мубрами сохтмони шаҳрҳои экологӣ (сабз), мушкилоти шаҳрсозӣ (урбанизатсия) ва ҳифзи муҳити зист, навовариҳо дар соҳаи «энергетикаи сабз», рушди зерсохторҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, гузариши бахшҳои саноати иқтисод ба технологияҳои «покиза» ва инчунин масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таъмини самаранокии энергетикӣ ва роҳандозии фанновариҳои ҷадид ва таҷҳизоти муосир дар соҳаҳои хоҷагию коммуналӣ ва сохтмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳошияи конфронс Имомуддин Сатторов роҷеъ ба иқтидори энергетикии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди «иқтисоди сабз» дар заминаҳои рушди устувор ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ, суханронӣ кард. Сафир иштироккунандагони конфронсро бо иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафмандона барои татбиқи барномаҳои истифодаи васеи манобеи энергияи таҷдидпазир, ба хусус гидроэнергетика, ҷиҳати рушди бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологии кишвар роҳандозӣ карда шудаанд, шинос намуд. Имомуддин Сатторов ҳамчунин пешниҳод кард, ки гузаронидани конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Шаҳрҳои сабз. Энергетикаи сабз» дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мавриди баррасии созмондиҳандагони чорабинии мазкур қарор гирад.
Инчунин 26 ноябри соли 2013 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомуддин Сатторов бо ҳокими шаҳри Магдебург (пойтахти замини федералии Саксония Анҳалт) Лутс Трюмпер баргузор шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои байниминтақавӣ, барқарорсозии робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкор ва саноатии замини федералии Саксония Анҳалт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм ва навоварӣ, фарҳанг, маориф ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълими олии Магдебург мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти сӯҳбат ҳамчунин доир ба барқарор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Магдебург ва шаҳрҳои Тоҷикистон дар ояндаи наздик ва ташкили сафари шиносоии намояндагони доираҳои иқтисодии Магдебург ба Тоҷикистон табодули назари судманд сурат гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста