- Вазири нави корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов аз ҳамаи хислатҳои муносиб ба дипломат бархӯрдор буда, таҷрибаи андӯхтаи ӯ дар фаъолияти дипломатӣ ба ҳимояти арзанда аз манфиатҳои милли кишвар кумак хоҳад расонид, - изҳор дошт зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» адабиётшиноси маъруф, профессор, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Абдунабӣ Сатторзода.
«Як муддати муайяне ман бо Аслов дар вазорати мазкур ҳамроҳ фаъолият доштем ва ҳамеша шоҳиди он будам, ки ҳангоми қабули қароре ӯ бо мулоҳиза рафтор мекунад, ки барои дипломат хислати муҳим аст», - зикр кард Сатторзода.
Дар идома ӯ изҳори итминон кард, ки таҷрибаи андӯхтаи вазири нав ҳангоми фаъолият ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва сафири кишвар дар Куба ба рушди арзандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон кумак мерасонанд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 29-уми ноябр бо фармони президенти Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар ин вазифа ӯ Ҳамрохон Зарифиро, ки муддати 7 соли ахир сари ин мансаб қарор дошт, иваз кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста