Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид, ки ба он раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ шомил аст. Соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин феҳрист дохил гардида буд.
Дар гузориши интишоршудаи соли 2013 дар бораи Муҳиддин Кабирӣ зикр мегардад, ки ӯ ба ҳалли мушкилоти аслии Тоҷикистон даъват мекунад. Муаллифони гузориш ҳамчунин аз даъвати ӯ бобати афви маҳкумшудагон бар асари ҷанги шаҳрвандии панҷсола ва бо туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ кардани олимпичиёни Лондон аз ҷониби ӯ низ ёдовар шудаанд.
«Ба Кабирӣ муяясар гардид, ки ҳизби пурқувваттарини мухолифинро аз парокандагӣ наҷот дода, тавассути рушд ва шакливазкунии фалсафаи ҳизб шумори аъзои ҳизбро зиёд кунад», - гуфта мешавад дар гузориш.
Миёни сарони кишварҳои собиқи шӯравӣ сарони кишварҳои Ӯзбекистон Ислом Каримов, Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Эрон – Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Чеченистон Рамазон Қодиров, президенти Тотористон Рустам Минихонов, сарояндаи савту навои динӣ Самӣ Юсуф ва дигарон низ ба рӯйхати мазкур шомил гардидаанд.
Дар ин рӯйхат волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар мақоми 35-ум қарор дорад.
Ин рӯйхат шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола бо дастгирии Маркази ҳусни тафоҳуми мусулмониву христиании ба номи шоҳзода Ал-Валид бинии Талял дар Ҷорҷтаун ба нашр мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста