Ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини раҳбари Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов бовар дорад, ки тағйироти кадрӣ дар ҳукумат як амали рӯякие буд, то наздикони раисҷумҳур пас аз он соҳиби вазифа шаванд.

“Ман ягон таъғироти ҷиддиро намебинам. Ду-се нафарро аз вазифа барканор карданду ҷойи дигаронро танҳо тағйир доданд, ки маъноитақйироти кадриро надорад. Афсус, дар интихоби кадрҳо маҳалбозӣ ва хешу таборбозӣ фаровон ҷой дорад. Масалан, Матлубхон Давлатов, ки бо Эмомали Раҳмон хешу таборӣ дошт аз мақомаш озод шуду ҷойи ӯро ҷиянаш Давлаталӣ Саидов гирифт. Сумангул Тағоева ҳам, ки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъйин шудааст, яке аз наздикони сарвари давлат аст”, ғ мегӯяд коршинос.

Ба назари муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит, дар кишварҳои пасошӯравие ки имрӯз рӯй ба автотаризм оварданд, таъғиротҳои кадрӣ бар асоси садоқати шахсӣ ба як нафар амалӣ мегардад.

“Ман фикр намекунам, ки таъғироти кадрии имрӯза ба хотири ислоҳи ҷомеа ва таъғирот дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоёти кишвар бошад. Чунки аз иваз кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ таъғир наёфтааст ва нохоҳад ёфт”, - таъкид дошт Ҳаит.

Ба ақидаи ӯ, ҳарчанд натиҷаи интихобот ғайришафофу демократӣ буд, Эмомалӣ Раҳмон метавонист бо таъғироти кадрӣ то андозае  мардумро ба ҳукумат дилгарм созад.
Ба андешаи ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, кадрҳои навтаъиншуда ба мисли кадрҳои қаблӣ мавқеъи худро хуб нишон дода наметавонанд ва интизори назару мавқеи раисҷумҳурмешаванд. “Яъне вақте як нафар аз вазифа мегирад ё таъин мекунад, дар кишвар як системаи муайян ва принсипҳои муайян вуҷуд дошта наметавонад. Барои ҳали ин мушкил мо бояд нахуст сиёсати кишварро дигар кунем. Вақте кадри нав аз як нафар вобаста нест, мансабдор метавонад мавқеъ ва кори худро нишон диҳад.

Исмоил Талбаков, ки дар интихоботи президентии кишвар номзад аз ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд, гуфт: “Агар ман президент мешудам, 70 фоизи аъзоёни ҳукуматро иваз мекардам ва он нафароне, ки ба ҳукумат содиқона меҳнат карда истодаанд ва саҳме гузоштанд, дар ободони кишвар аз таҷрибашон истифода мекардам”, - гуфт Талбаков.