Писарбузурги Саид Абуллоҳи Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – Муҳаммадҷон Нурӣ вазифаи раиси бахши ҳизб дар шаҳри Душанберо ба узви ҳизб Қиёмиддин Авазов супурд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, рӯзи 6-уми декабр дар конфронси ҳисоботиву интихоботии бахши ҲНИТ дар Душанбе Қиёмиддин Авазов раис ва Мустафо Ҳоҷизода роҳбари комиссия тафтишотии ин бахш интихоб шудааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 26 октябри соли 1991 таъсис ва дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном шуд. Дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992 -1997 дар Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ якҷо бо ҳизби демукрот ва созмони “Лаъли Бадахшон” алайҳи давлати вақти кумунистӣ сангар гирифта буд.
Дар авоили соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кард. Пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1997 шароит барои бозгашти аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар фароҳам шуд ва дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора ба расмият шинохта шуд.
Он замон Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон дар анҷумани ҳизби наҳзати исломӣ ба раҳбарии ин ҳизб интихоб шуд. Ба дунболи фавти Абдуллоҳи Нурӣ дар 9 августи соли 2006 раҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Муҳиддин Кабирӣ вогузор шуд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - яке аз ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ягона ҳизби исломии қонунӣ сабтиномшуда дар Осиёи Миёна мебошад. Раиси феълии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аст. Ҳафтаномаи «Наҷот» ва маҷаллаи «Сафинаи умед» аз ҷумлаи нашрияҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Сомонаи расмии ҳизб бо суроғаи www.nahzat.tj низ фаъол аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста