Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев аз собиқ раҳбарияти вилояти Хатлон изҳори норозигӣ намуд.
Зимни мулоқоти раиси нави вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов бо фаъолони шаҳр ӯ дар ин робита изҳор кард, ки муддати 4 сол собиқ раҳбарияти вилоят ҷиҳати рушди шаҳри Қӯрғонтппа ва ҳалли мушкилоти он мусоидат накард.
«Қисмати зиёди буҷети мо ба буҷети вилоят ирсол мешуд, аммо барои рушди шаҳр аз буҷети вилоят ягон дирам ҳам ҷудо нагардид», - гуфт Самиев.
Ба гуфтаи Самиев, Давлатшо Гулмаҳмадов аз вазъи шаҳр изҳори нигаронӣ кардааст. «Ман ба шумо супориш додам, ки шанбегӣ ташкил кунед, вале шумо танҳо чанде аз хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумиро ба шанбегӣ баровардеду халос», - гуфтааст раиси тозатаъини вилоят.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки раиси вилоят ҷиҳати вохӯрии ӯ бо соҳибкорони шаҳр супориш додааст. «Ман шахсан бо соҳибкорони шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқот карданиам», - гуфтааст Гулмаҳмадов.
Вохӯриҳои раиси тозатаъини вилояти Хатлон бо фаъолони шаҳру навоҳии вилоят идома дорад. Ӯ аллакай аз шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб боздид намуда, аз 6-уми декабр вохӯриҳояш бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа оғоз гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста