Ба баргузории конфронси матбуотӣ, ки субҳи имрӯз Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон доир карданӣ буд, имкон дода нашуд. Як гурӯҳи занон ба толори барои конфронси матбуотӣ таъингардида ворид шуда, Р.Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон айбдор намуданд.
Роҳбари ҲСДТ журналистонро барои маълумот додан аз сафараш ба Украина, муддати ду рӯз дар Евромайдон қарор доштану шахсан мушоҳида кардани рӯйдодҳо дар майдони марказии шаҳри Киев гирдиҳам оварда буд.
Занони ба толор воридшуда раиси ҲСДТ-ро ба хоҳиши муташанниҷ сохтани вазъ дар кишвар, даъвати ӯ аз ҳама бобати муттаҳид шудан баҳри мубориза бо мақомоти раҳбарии кунунии ҷумҳурӣ муттаҳам карданд. «Мо президенти худ Эмомалӣ Раҳмонро интихоб кардем, вале шумо баринҳо таблиғоти зиддуҳукуматӣ мебаред», - гуфтанд занон, ки аз манзилҳои зисти назди дафтари кории ҲСДТ буданд.
Ғайр аз ин, яке аз занон Зойировро ба сар задани рӯйдодҳои тобистони соли гузашта дар шаҳри Хоруғ ва марги ҳамсараш дар он, ки шояд дар амалиёти низомии махсус алайҳи гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар ВМКБ иштирок дошт, гунаҳкор донист.
Гурӯҳи занон ба гунаҳкор намудани Зойиров идома доданд ва ӯ маҷбур шуд, ки мавқуф гузошта шудани конфронси матбуотиро эълон намояд. «Шумо метавонед тариқи телефон ба ман занг занед ё мо вохӯрии дигар созмон медиҳем, то ки дар бораи рӯйдодҳои Украина суҳбат кунем», - иброз дошт раиси ҲСДТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста