Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷудо кардани мукофот барои 100 нафар донишҷӯёни фаъолу пешқадами минтақаи шимоли ҷумҳурӣ изҳори омодагӣ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Илҳомҷон Ёқубов хабар дод, ҳадафи аслии тасмими мазкур таҳкими ҳамкориҳои ҳизб бо муассисаҳои таълимии вилоят ва ҳамчунин бештар ҳавасманд сохтани донишҷӯён ба донишандӯзӣ ва азхуд кардани илму маърифат аст.
«Мо санаи 6-уми декабри соли равон бо мактуби расмӣ рӯйхати 100 нафар донишҷӯёни сазоворро аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд талаб кардем ва шояд ба наздикӣ онҳо низ ҷавоб гардонанд, ки чӣ тасмим гирифтанд», - гуфт Ёқубов.
Номбурда зикр кард, ки мукофотҳо аслан аз воситаҳои пулӣ ва сарулибос иборат буда, вале дар ҳамин ҳол, аз ифшои маблағи умумии онҳо худдорӣ варзид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста