Дар робита ба рӯйдодҳои ахир дар Украина, эътироз ва гирдиҳамоиҳои давомдори нерӯҳои мухолифин дар шаҳри Киев раиси ҲНИТ ва вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ чунин изҳори назар кард, ки ин вазъият дар натиҷаи як силсила иштибоҳоти сиёсии ҳукуматдорони ин кишвар рӯйи кор омад.
Ба гуфтаи ӯ, хатои аслии президенти Украина Виктор Янукович ва дастаи ӯ дар он ифода меёбад, ки онҳо саривақт нисбати муносибати кишвар ба сати ҳамгиройӣ бо Аврупо ё Иттиҳоди Авруосиё сари як хулосаи мушаххас расида натавонистанд
«Ғайр аз ин, Виктор Янукович сиёсати дохилиро нисбат ба президенти пешин Виктор Ющенко хеле дигаргун намуда, ба таъқиби ҳарифони сиёсии худ, аз ҷумла собиқ нахуствазири Украина Юлия Тимошенко пардохт ва мутаносибан такрори як силсила аз ин иштибоҳот ба низоъ миёни минтақаҳои кишвар оварда расонид», - зикр кард Кабирӣ.
Сиёсатмадори тоҷик мутмаин аст, ки дар вазъи мавҷуда президенти Украина бояд роҳу восиатҳои созиш бо мухолифинро дарёфт намуда, ба ҳарифонаш гузаштҳо кунад. «Агар президенти Украина минбаъд низ чунин истодагарӣ кунад, Украина метавонад ба ду давлат тақсим шавад», - афзуд раиси ҲНИТ.
Ёдрас мекунем, ки аз 21-уми ноябри соли равон эътирозу гирдиҳамоиҳо дар Украина оғоз ёфтанд. Сабаби он аз ҷониби ҳукумати вақти Украина ба таъхир гузоштани имзои созишномаи ҳамгиройӣ бо Иттиҳоди Аврупо унвон мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста