Инак, ҷаноби раисҷумҳури Тоҷикистон аксари ҳайати ҳукумати хастаи худро иваз кард. Бархе ин тағйиротро ҳамчун "рафтани Алию омадани Валӣ" мебинанд, аммо бархе хушбин аз ин раванд мебошанд. Тайи давраи охир дар дохили кишвар сохтмонҳо идома ёфта, роҳҳо, нақбҳо ва қарзҳо зиёд гардиданд. Бархе аз соҳибмулкон ба худӣ ва ба бегонагон "сиккагузорӣ" шуда, дунболи наҷот ёфтан ва авфи "гуноҳи карда"-и худ шудаанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд шуданду даромади давлат ба он шумора зиёд нагардид. Шумораи нафақахӯрон аз ҳисоби ашхоси ҳукуматӣ ду се нафар зиёд шуду ҳаҷми умумии "нафақа" ба муҳоҷират рафт.
Дар хориҷи кишвар бошад, мавқеи "афсонавии Тоҷикистон бо панҷараҳои бешиша ва дарҳои боз" муаррифӣ ва пайгирӣ гардид. Дар самти сиёсати хориҷӣ дастоварде ғайр аз сохтмони бинои нав (он низ аз ҳисоби буҷаи давлат) ва истифодаи фаъоли фейсбуку сомонаи Вазорати умури хориҷа, чизи дигари назаррас барои истодагарӣ аз манфиатҳои давлатӣ дида нашуд. Ин раванд собит сохт, ки танҳо маҳорати истифодаи самараноки ВАО аз ҷониби Вазорати умури хориҷа ба чашми мардум хок пошида, аз "пиёдасозии сиёсати хирадмандонаи хориҷии кишвар" дар ин солҳо ҳисобот додааст, аммо дар асл, сиёсати хориҷӣ бо мушовирони даврони шӯравӣ ва "ғолибони дипломатияи тоҷик" сар то пой хато буду бохт буду "ҳайкалтарошӣ" буд.
Хитой замини тоҷиконро "савдо" карду, Россия мавқеи низомии худро дар Тоҷикистон барои 30 соли баъдӣ мустаҳкам намуд. Ӯзбекистон роҳҳои ба самти Тоҷикистонро пурра баста, бархеро тарофаи миёншикан монду, даъвои қирғиз барои минтақаҳои сарҳадӣ зиёд гардида, "савдои" замин бо Хитой аҷдодони Манасро дар ин музокирот бар зидди Тоҷикон шерак сохт.
Идомаи мавод дар бахши "Блогҳо" .




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста