Дар ҳошияи Нишасти 40-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар пойтахти Гвинея - Конакри роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини вазири корҳои хориҷӣ Н. Зоҳидов бо роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистон Муовини вазири корҳои хориҷӣ Мурод Алӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, сохтмони корхонаи муштараки тавлиди семент ва ғ. мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин дар мулоқот ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ ва кумитаҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар Конакри вохӯрии Низомиддин Зоҳидов бо Ҷонишини якуми вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ волоҳазрат амир Абдулло ибни Абдулазиз ибни Абдулло Оли Сауд низ сурат гирифт.
Н. Зоҳидов сипоси ҷониби Тоҷикистонро аз барқияи муборакбодии Аълоҳазрат Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ расонид ва аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноат кард. Ӯ изҳори ақида кард, ки ҳоло ин муносибатҳо ба марҳилаи баррасӣ намудани лоиҳаҳои калони ҳамкории мутақобилан судманд бар асоси усул ва аҳкоми иқтисоди бозорӣ наздик омадаанд. Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ метавонанд дар соҳаҳои кишоварзӣ ва истифода аз сарватҳои табиии Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро амалӣ намоянд, таъкид кард Н.Зоҳидов.
Вобаста ба масъалаи таҳкими муносибатҳо амир Абдулло самтҳои зикршудаи ҳамкориро самтҳои сазовори омӯзиш донист ва афзуд, ки мавзуи ҳамкорӣ дар соҳаи мелиоратсия ва кишоварзӣ имрӯзҳо барои мамлакат аҳамияти бештар пайдо кардааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста