Санаи 12-уми декабри соли равон вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патритсия Флор баргузор гардид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, зимни суҳбат доираи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла масъалаҳои ислоҳоти дохилӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, идораи захираҳои об ва муҳити зист, инчунин вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Мусоҳибон доир ба лоиҳаҳои дуҷониба ва минтақавӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, табодули афкор намуданд. Хусусан қайд карда шуд, ки мувофиқи барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон 250 миллион Евро ҷудо карда мешавад, ки дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳот амалӣ хоҳанд гашт.
Ҳар як ҷониб назари худро доир ба роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон ва инчунин тарзи пешгирии таҳдидҳо ба амну суботи минтақавӣ баён намуданд.
Зикр карда шуд, ки гузаронидани давраи дуюми Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ оид ба амният, ки моҳи майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, айни муддаост.
Хонум Флор қайд сохт, ки ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон босуръат рушд меёбанд ва Иттиҳоди Аврупо ин гуна шарикиро баланд арзёбӣ менамояд.
Дар навбати худ, Сироҷидин Аслов ба Иттиҳоди Аврупо барои дастгирӣ, ки ба ислоҳоти соҳаи маориф, волоияти қонун, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳкими иқтидори қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон равона гардидааст, миннатдорӣ баён намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста