Занони аз ҷониби раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров имрӯз ба вохӯрӣ даъватшуда, ки рӯзи 9-уми декабр ба баргузории брифинги ӯ монеъа эҷод сохта буданд, вақти таъиншуда ба мулоқот ҳозир нашуданд.
Танҳо чанде аз журналистон даъвати Зойиров тариқи шабакаҳои иҷтимоиро пазируфта, ҳамроҳи раҳбарияи ҲСДТ тӯли як соат занони «исёнгар»-ро интизорӣ доштанд, вале аз онҳо дарак нашуд.
Зоийров ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ ба занон имкони охирини баррасии амалашон сари мизи гуфтушунидро пешниҳод карданӣ буд, аммо онҳо даъватро нодида гирифтанд ва акнун ӯ бо ариза ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат мекунад.
Раиси ҲСДТ бар ин назар аст, ки бо ин амалашон занон нисбати журналистон ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ беҳурматӣ зоҳир карданд, вале мақсади эътирози онҳо то ҳанӯз ҳам барои созмондиҳандагони брифинг ва ҳам журналистони ҳузурдошта номаълум боқӣ монд.
Дар аризаи зуд Раҳматилло Зоийиров аз Прокуратураи генералӣ ошкор кардани аз ҷониби кадом сохтор идора шудани «гурӯҳи махсуси сайёри занон»-ро, ки чанде аз онҳо дар гирдиҳамоии назди сафорати ИМА низ ҳузур доштанд, тақозо хоҳад кард. «Ба вохӯрӣ ҳозир нашудани онҳо аз ҷониби кадом як сохторе ташкил шудани онро собит месозад», - афзуд раиси ҲСДТ.
Ёдрас мекунем, ки роҳбари ҲСДТ журналистонро барои маълумот додан аз сафараш ба Украина, муддати ду рӯз дар Евромайдон қарор доштану шахсан мушоҳида кардани рӯйдодҳо дар майдони марказии шаҳри Киев гирдиҳам оварда буд, аммо як гурӯҳ занон ба толори барои конфронси матбуотӣ таъингардида ворид шуда, Р.Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон айбдор намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста