Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвари давлати Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба муносибати солгарди ҷашни милии Ҷумҳурии Қазоқистон – Рӯзи истиқлолият барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотӣ Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ зикр мекунад, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки бар анъанаҳои мустаҳками дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ асос ёфтаву решаҳои қадимии таърихӣ доранд, зина ба зина рушд меёбанд.
«Мехоҳам арзиши хосса ва манфиати кӯшишҳои мутақобилаи таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи моро ба манфиати ду миллати бародар ва дар маҷмуъ, баҳри минтақа таъкид намоям. Тоҷикистон миньаъд низ аз ҷониби худ барои ин раванд ҷидду ҷаҳд хоҳад кард», - гуфта мешавадл дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста