Гулрухсор Сафиева, шоира, дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар посух ба саволҳои корбарони сомонаи «Азия-Плюс» дар робита ба мухолифаташ нисбати сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» изҳор кард, ки агар «Роғун»-ро сохтанӣ мешуданд, аз ӯ дар ин бора маслиҳат намепурсиданд.
«Роғун иншооти хурд ё назарногире нест, ки аз шоирон дар ин бора машварат бипурсанд. Нерӯгоҳи «Роғун» сиёсати ҷаҳонӣ аст ва ин гуна сиёсат дар як рӯз ё ду рӯз рӯйи кор намеояд. Муддати 80 сол барои он мубориза мерафт», - иброз медорад ӯ.
Гулрухсор Сафиева зикр мекунад, ки ҳеҷ гоҳ мухолифи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» набуд, баръакс «бештар аз ҳама касе онро мехост». «Ман танҳо аз баландии сарбанд хавотирӣ доштам», - шарҳ медиҳад шоира.
«Дар замоне, ки ҳар як порчаи замин дар кишвар ба қадри тилло баробар буд, сарбанди баландиаш 350-метра барои мо талафоти бузург маҳсуб меёфт. Паҳлӯи дигари масъала дар он ифода меёфт, ки вазъи набототу ҳайвонот ва рӯдхонаҳои ин минтақа мавриди омӯзиш қарор нагирифта буд. Мо ҳеҷ гоҳ нагуфтаем, ки «Роғун» сохта нашавад. То кадом дараҷа содда мебояд буд, ки муддати тамоми ин солҳо як шоираро бо он гунаҳкор созем, ки ӯ ба сохтмони «Роғун» имкон надод. «Роғун»-ро бунёд мекунем. Тоҷикистони нави мутамаддин бояд нерӯгоҳи худро бисозад», - зикр кард ӯ.
Дар посух ба мунаққидони худ, ки дар бораи андеша ва шиорпартоиҳои миллатгароёнаи ӯ ибрози андеша карданд, шоира чунин мегӯяд: «Ман тарбиятгирандаи интернатам. Он ҷо дар деҳаи кӯҳистони худ миёни 500 нафар писарон ман ягона духтар будам. Омӯзгорони аввалини ман русҳо буданд. Ҳам дар адабиёту ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар забон. Ман ҳамеша назди забон, адабиёт ва фарҳангӣ русӣ сари таъзим фуруд меорам. Натанҳо нисбати русҳо, балки нисбати ягон миллате ман ҳисси миллатгаройӣ надорам, зеро кӯдакони интернат нисбати касе ҳисси бадбинӣ дошта наметавонанд. Ман худро бегуноҳ тарошиданӣ нестам. Бидуни айб гунаҳкор будан ба дилам зад», - изҳор мекунад Сафиева.
Матни пурраи мусоҳибаи шоира бо корбарони торнамои «Азия-Плюс»-ро аз суроғаи зерин дарёфт карда метавонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста