Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба вакилон дар бораи ҷараёни иҷрои барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар зарфи 11 моҳи соли равон, нақша ва вазифаҳои мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2014 ҳисобот дод.
Раиси пойтахт таъкид дошт, ки дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии пойтахт ба маблағи умумии 815,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81,8 млн. сомонӣ камтар аст.
«Сабаби асосии пастшавии суръати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ - ин аз 1 январи соли 2013 то 25 сентябри соли ҷорӣ қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ ба ҶСК «Тоҷиксемент» ба ҳисоб меравад, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ интиқол мегардад. Маҳз бо ҳамин сабаб беш аз 154,8 ҳазор –тонна семент ба маблағи 125,19 млн. сомонӣ кам истеҳсол гардид», - зикр кард раиси пойтахт.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар моҳҳои январ- ноябри соли 2013 аз 258 корхонаи саноатии пойтахт 148 корхона ё 57,4 фоизи корхонаҳои саноатии шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз зиёд намуда, дар умум 99,4 млн. сомонӣ фоида ба даст оварданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста