Рӯзи 19 декабри соли 2013 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Робин Орд-Смитро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълуомти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози мулоқот Сафири Британияи Кабир Вазири корҳои хориҷиро бинобар таъин гардиданаш ба ин вазифа табрику таҳният гуфта, муваффақиятҳо дар адои фаъолияти кориаш таманно кард.
Вазири корҳои хориҷӣ сатҳи хуби ҳамкориҳоро миёни ду кишвар қайд намуда, изҳори умедворӣ аз рушди минбаъдаи онҳо кард. Вазир таваҷҷуҳи мусоҳибро ба зарурати густариши алоқаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Британияи Кабир ва инчунин ба сармоягузории соҳаҳои афзалиятноки кишвар ҷалб намуд. Вазир аҳамияти ҳамкориҳо ва саъю талошҳои муштаракро оид ба Афғонистон қайд кард.
Дар навбати худ, Сафири Британияи Кабир Орд-Смит вазъи муносибатҳои дуҷонибаро баланд арзёбӣ намуда, изҳори ҳамфикрӣ ба нуқтаи назари Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ намуд.
Мусоҳибон инчунин масъалаҳои ҳамкории ду давлатро дар чаҳорчӯбаи ташкилотҳои байналмилалӣ муҳокима намуданд.
Худи ҳамин рӯз мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон Аббосалӣ Гасанов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳавасмандии ҷонибҳо перомуни таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста