Узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав», иқтисодчӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров изҳор мекунад, ки бо далелҳо дар бораи ҷинояткорони ҳақиқӣ ба президент муроҷиат намудан зарур аст.
Ба андешаи ӯ, ҷиноятҳое ҷой доранд, ки барои он 100 маротиба ҳукми парронидан мебояд дод ва «ин ҳам ҳоло кам хоҳад буд».
«Ман ба ҳукми суд нисбати Зайд Саидов розӣ нестам. Адвокатҳо бояд ба зинаҳои болоӣ муроҷиат кунанд ва агар онҳо ҳам ҳукмро бетағйир гузоранд, пас ба президент навиштан зарур аст. Дар муроҷиат ба президент далелҳо нисбати ҷинояткорони ҳақиқӣ дар Тоҷикистонро зикр кардан лозим аст», - гуфт Умаров дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс».
Соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо карда, то ба марҳилаи иҷро расидани ҳукмаш дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ нигаҳдорӣ мешавад.
Ҳимоятгарон дар рӯзҳои наздик аз болои ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста