Ахири ҳафтаи гузашта таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён ҷаласаи охирини соли равони КМИР доир гардид.
Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки масъалаи таъсиси ҳавзахои интихоботӣ барои интихоби аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда, ки ба санаи 15-уми феврали соли 2014 таъин шудаанд, дар маркази таваҷҷуҳи ҳозирини ҷаласа қарор дошт.
«Маъракаи интихоби аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда санаи 15-уми феырали соли 2014 дар тамоми панҷ ҳавзаҳои интихоботии ҷумҳурӣ – вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе баргузор карда мешаванд», - иброз дошт номбурда.
Ба гуфтаи Додоев, КМИР ҳоло санаи баргузории интихобот ба ҷойи вакилони аз ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ хориҷшударо таъин накардааст.
Ёдрас мекунем, ки дар робита бо фармони президенти мамлакат бобати ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин шудани вакили палатаи поёнии парлумон Амрибек Маҳмадалиев, ӯ ваколатҳои худ дар МНМО ҶТ-ро месупорад.
Вакили МНМО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Сомонии шаҳри Душанбе, узви фраксияи ҲХДТ Марҳабо Ҷабборова низ ахири моҳи ноябр бинобар сабаби таъин шуданаш ба мансаби муовини нахуствазир аз ҳайати МНМО ҶТ хориҷ мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста