Таҳти роҳбарии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латипов ҷаласаи машваратии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳ бо дарназардошти таҳлили фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, бурду бохт, натиҷаи иштироки ҲХДТ дар интихоботи баргузоршудаи президентӣ ба таҳияи ҳисоботи солона вазифадор карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ин нақшаи чорабиниҳо оид ба омода ва баргузор намудани маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ тасдиқ гардида, қарор карда шуд, ки ҳисоботи фаъолияти солонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷаласаи Раёсат шунида шуда, шӯъбаҳои Дастгоҳ, нашрияи "Минбари халқ" ва дигар масъулин супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Гуфта мешавад, инчунин ба Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дастур дода шуд, ки ҷиҳати таҷлили 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилачорабиниҳои ватандӯстиро миёни ҷавонон баргузор намояд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар фароварди ҷаласаи машваратӣ таъкид гардид, ки бояд тамоми самтҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар соли равон бояд ба сазовор таҷлил намудани 20-солагии ҲХДТ ва Анҷумани ҳисоботӣ-интихоботӣ нигаронида шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста