Дар робита ба ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназаров изҳор намуд, ки ин вазъро баъзе нерӯҳо метавонанд ба манфиати худ истифода кунанд.
«Барои ба иғвогариҳои ҷонибҳои сеюми манфиатдор дода нашудан, он ҷо хеле эҳтиёткор мебояд буд», - гуфт ӯ зимни нишасти хабарии имрӯза.
Холиқназаров зикр кард, ки мушкилоти водии Фарғона имрӯз пайдо нашуда, «он кайҳо боз вуҷуд дошт». «Мо бо Қирғизистон 970 км марз дорем, ки амалан танҳо дар 567 километраш аломатгӯзорӣ ба сомон расонида шудааст. Он ҷо паҳлӯ ба паҳлӯ тоҷикону қирғизҳо сукунат доранд. Аз ин рӯ, аломатгузорӣ дар марз дар муддати кӯтоҳ хеле мушкил буда, кишварҳои моро зарур аст, ки бо эътимоди ҳамдигарӣ ин мушкилотро бо роҳи осоишта ҳаллу фасл созанд», - иброз дошт номбурда.
Дар робита ба аз ҷониби расонаҳои қирғиз ба таври густарда инъикос шудани ин қазия нисбат ба расонаҳои тоҷикӣ Холиқназаров гуфт, «суистифода аз ин мавзӯъ ба манфиате ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо нахоҳад буд».
«Дар дипломатия хомӯшӣ маънои розигиро надошта, аломати дурандешист, - мутмаин аст ӯ. – Агар ба изҳороти ғайтимантиқӣ посух бигӯӣ, боз посухи аз ин ҳам зиёдтар ғайримантиқӣ мегирӣ, ки метавонад ба ташаннуҷи вазъ боис гардад. Табиист, ки Тоҷикистон оид ба ҳалли ин масъала пешниҳодоти мушаххаси худро дорад, ки ба фикрам онро метавон танҳо сари мизи гуфтушунид баррасӣ кард».
Холиқназаров хотиррасон намуд, ки санаи 7-уми январ дар Бишкек гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар сатҳи баланд доир гардид.
«Дар ин гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои сохтмони роҳи мошингарди «Кӯктош-Ақсой-Тамдик» боздошта шавад, вале мутаассифона, Қирғизистон бидуни назардошти гуфтушунид, корҳои сохтмонро барқарор кард. Дар ҳама гуна ҳолат Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки вазъ ҳарчи зудтар ба эътидол оварда шавад. Фикр мекунам, ки ин масъала дар фурсати наздиктарин ҳаллу фасл мешавад», - изҳор дошт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста