Ҳайати ҳукумати Русия таҳти сарварии муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов санаи 24-уми январ ба Душанбе ташриф меорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафар Шувалов бо президенти Тоҷикистон дидору гуфтушунид анҷом дода, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни сафари ҳайати ҳукумати Русия ба Тоҷикистон ҷонибҳо асноди тасдиқшудаи созишномаҳо дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русияро ба ҳамдигар месупоранд.
Қобили зикр аст, ки ин созишномаҳо зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон тирамоҳи соли 2012 ба имзо расида буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста