Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Русия бо даъват ба субҳонаи корӣ мулоқоти дӯстона орост. Дар ин бораи хадамоти матбуоти ВКХ Русия хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар мулоқоти мазкур сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев низ иштирок доштааст.
Бино ба иттилои ВКХ Русия, дар мулоқот масоили рӯзмарраи байнулмилалӣ, ҳамкориҳои кишварҳо дар чаҳорчӯби ИДМ, аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду сиёсат ва соҳаи гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар хабари ВКХ Русия зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дурнамои рушди равандҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои ИДМ табодули назар намудаанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14-уми январ вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Григорий Карасин оид ба ҷаласаи ғайринавбатии Бонки Ҷаҳонӣ, ки имрӯз дар шаҳри Вашингтон баргузор мегардад, барпо шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста