Тасмими аз марзи давлатӣ ба макони таъиноти доимӣ интиқол додани воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ ва воҳидҳои махсуси мақомоти корҳои дохилии кишварҳо, ки чанде қабл дар Исфара сари он тавофуқ ҳосил шуд, ягона тасмими оқилонаи ҷонибҳо аст. Ин нуктаро дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲКТ, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов зикр кард.
«Дар ин вазъ сарбозони ҷавонони мусаллаҳро, ки ҳанӯз аз таҷрибаи зиндагӣ ба таври кофӣ бархӯрдор нестанд, набояд рӯ ба рӯи ҳам гузошт», - иброз дошт Шабдолов.
Ба андешаи ӯ, тибқи маълумоти расмӣ, муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо сабаби мушаххас набудани қаламравҳои ҳарду ҷониб рух медиҳанд, вале бо камоли итминон метавон гуфт, ки ин низоъҳо бар асари истифодаи захираҳои обӣ ба вуқӯъ мепайванданд.
«Имрӯз Тоҷикистону Қирғизистонро зарур аст, ки мудом дар муколамаи сиёсӣ буда, далелу бурҳонҳои худро оид ба минтақаҳои баҳсӣ на бо нишон додани зӯри бозу, балки бо харитаву ҳуҷҷатҳо асоснок намоянд», - зикр кард раиси ҲКТ.
Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки ҳангоми узвият ба СММ тамоми кишварҳои дунё далели ҷой надоштани даъвоҳо оид ба қаламрави кишвари дигарро тасдиқ намуда, марзҳои мавҷударо дахлнопазир эътироф мекунанд. «Дар сурати акс онҳоро ба узвияти СММ қабул намекунанд. Зимни узвият ба СММ Тоҷикистону Қирғизистон ҳатман ин маросимҳоро паси сар кардаанд», - афзуд Шабдолов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста