Нимаи ҳафтаи равон дар бинои Донишкадаи муносибатҳои байналхалқии «Клингендал»-и шаҳр Гаага вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев бо Шӯрои академии Донишкада дар мавзӯи «Аҳамияти байлналмилалии таҷрибаи сулҳи тоҷикон» барпо шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ роҳбарияти Донишкадаи “Клингендал”, аъзоёни Шӯрои академӣ, сиёсатшиносон, дипломатҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.
Дар маърӯзаи худ Рустамҷон Солиев ба ҳозирин дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта ва таҷрибаи ба даст овардани ризоияти миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар маълумоти муфассал дода, нақши тақдирсози президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ, барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии он, ноил гаштан ба сулҳ, ваҳдат, субот ва пешрафт, татбиқи ислоҳоти самараноки сиёсӣ ва иқтисодӣ, пешбурду ҳимояи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ тавассути амалисозии сиёсати “дарҳои кушода” таъкид сохт.
Ҳамзамон, аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва илмии омӯзиши намунаи нодири танзими муноқишаи дохилии Тоҷикистон ва ба даст овардани ризоияти миллӣ ва сулҳу субот аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла татбиқи он зимни ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон, қайд гардид.
Иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба масоили сулҳу субот дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон табодули назар карданд. Онҳо ба таҷрибаи ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шарофати роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, зарурати омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи нодири ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро барои танзими мусолиҳатомези муноқишаҳои маҳаллӣ тазаккур доданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба ҳар як нафар китоби “Меъмори сулҳ” тақдим гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста