Дар толори хурди Маҷмааи давлатии "Кохи Ваҳдат" маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳизб, дар маҷлис ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизб дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014, гузориш оид ба фаъолияти Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Тавре роҳбари маркази матбуоти ҲХДТ Усмон Солеҳов хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба анҷумани навбатии ҳизб дар моҳи декабри соли ҷорӣ низ баррасӣ мешаванд, ки дар он номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати минбаъда тибқи рӯйхати ҳизбӣ муқаррар карда мешаванд.
Ӯ хотиррасон намуд, ки баргузории маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ахир моҳи феврал – аввали моҳи марти соли 2015 дар назар аст. «Ғайр аз ин, имрӯз ба як гурӯҳи фаъолони ҳизб ифтихорномаҳои КИМ ҲХДТ ва туҳафҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд», - афзуд номбурда.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 237 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста