Ба муносибати солгарди фавти доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин имрӯз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар шаҳру навоҳии бузурги ҷумҳурӣ чорабиниҳо баргузор мекунад.
Муовини раиси ҲКТ Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз макомоти раҳбарии ҳизб таҳти сарварии раиси коммунистони тоҷик Шодӣ Шабдолов ба пояи муҷассамаи В.Ленин дар ноҳияи Рӯдакӣ гулчанбарҳо гузоштанд.
«Чун ҳукуматдорон дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ягон муҷассамаи комили доҳии пролетариати ҷаҳонро боқӣ нагузоштаанд, имрӯз коммунистон тоҷик дар назди ҳайкалҳои нимтанаи Ленин, ки дар дохили биноҳо мавҷуданд, гулгузорӣ намуда, дар суҳбатҳову мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳо аз доҳӣ ёдоварӣ мекунанд», - иброз дошт Талбаков.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Хоруғ, Кӯлоб, Турсунзода ва Қӯрғонтеппа чорабиниву маҳфилҳои бахшида ба ёдбуди Ленин доир мегарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста