Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Данияро, ки таҳти сарварии узви Кумитаи оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуда, зикр гардид, ки Тоҷикистону САҲА дар се самти асосӣ - сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣ ҳамкории босамар доранд.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, тақвияти муҳофизат ва идораи марзи давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, бартарафсозии мушкилоти ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, поксозии қаламрави Тоҷикистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда ва рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зоҳир гардид.
Бо қаноат тазаккур дода шуд, ки масъалаи ҷалби Афғонистон ба фаъолияти САҲА ба ҳайси шарик оид ба ҳамкорӣ маҳз аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида, дастгирӣ ёфта буд.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои мазкур ва дигар бахшҳо таъкид доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста