Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо мушорикат дар 27-умин конфронси байналмилалӣ дар Теҳрон бо дарназардошти вазъияти нобасомони ҷаҳони Ислом, зимни суханронӣ ба муҳимтарин гирифториҳои он ишорат намуда, таъкид дошт, ки "бо вуҷуди он ки дини Ислом дини сулҳ ва оштӣ, меҳру муҳаббат ва муколамаву якдигарфаҳмист, вале боз ҳам имрӯз кишварҳои исломӣ маркази даргирӣ ва қатлу нооромиҳо шудаанд".
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни суханронӣ дар ин конфронс дар мавзӯи "Ҷаҳони бидуни хушунат" М.Кабирӣ чунин ишора доштааст: "Қатлу куштор дар миёни мусалмонон ҳам дар мақоми фикру андеша ва ҳам дар мақоми амал ба як мавзӯъи содаву осон табдил шудааст. Мутаассифона касоне ҳастанд дар ҷаҳони Ислом, ки бо номи Ислом ҳукм ба қатли бародари мусалмонро содир мекунад. Гурӯҳҳои ифротӣ шамшер бар зидди бародари мусалмони худ мекашанд".
Ба иттилои манбаъ, Кабирӣ ба яке аз сарчашмаҳои равонӣ ва фалсафии низоъу кашмакашиҳои ҷаҳони Ислом ишорат намуданд, ки: "инсонҳо чӣ дар заминаи сиёсӣ ва чӣ илмиву иқтисодӣ бо ранҷу заҳмат ва талоши чандинсола ба як ҷойгоҳи иҷтимоъӣ мерасанд. Аммо гурӯҳу инсонҳое ҳастанд, ки бо андешаҳои ифротӣ ва амалҳои нодуруст қасди ба даст овардани мақому шӯҳратро доранд. Албатта душманони Ислом ҳам аз ин фурсат ва ин гуна инсонҳо истифода бурда, тухми фитнаву душманиро дар миёни уммати исломӣ мекорад".
Гуфта мешавад, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суханронии худ хориҷ шудани ибтикори амал аз дасти гурӯҳ ва андешаҳои муътадилро иллати тарвиҷи ифротигароӣ дониста, гуфт: "Мутаассифона қурбонии хушунат ва даргириҳо ҷаҳони Ислом аст. Имрӯз Ислом ва муслимин пайкари захмиеро мемонад, ки ниёз ба дармону табобат дорад. Фикр мекунам, ваҳдату бародарӣ беҳтарин давои ин захм аст".
Зимнан зикр мегардад, ки дар бахши дигаре аз суҳбати хеш ба авлавиятбандии масоили илмӣ, иқтисодиву технологӣ ва ваҳдати исломӣ дар ҷаҳони Ислом пардохта, фармудаст: "Агарчи кишварҳои исломӣ ба илм, санъату иқтисод ва ободонӣ ниёзи шадид доранд, аммо на бояд фаромӯш кунем, ки тамомии ин масоил дар гарави ваҳдат ва амният, сулҳу дӯстӣ ба даст меояд".




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста