Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Украина ба шаҳрвандони тоҷики муқими ин кишвар тавсия медиҳад, ки бидуни зарурат ба макони баргузории гирдиҳамойиҳо нараванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилоооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, сафорат ҳамчунин бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар шаҳру навоҳии Украина ва Шӯрои донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар бобати ин масъала гуфтугӯ кардааст.
Дар Раёсати мазкур дар бораи шумори дақиқи шаҳрвандони тоҷик дар Украина маълумот дода натавонистанд ва танҳо зикр карданд, ки миёни осебдидагон аз гирдиҳамоиҳо шаҳрвандони тоҷик ҳузур надоранд. Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Украина иттилоъ дода буд, ки танҳо дар шаҳри Киев 252 нафар шаҳрванди тоҷик зиндагӣ доранд.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 21-уми ноябр бинобар сабаби аз ҷониби ҳукумати Украина рад шудани имзои қарордоди ҳамбастагӣ бо Иттиҳоди Аврупо, дар майдони марказӣ ва дигар кӯчаву хиёбонҳои пойтахти Украина ва дигар шаҳрҳои кишвар гирдиҳамоиҳои эътирозӣ оғоз гардиданд, ки феълан низ бо ҷараёни шадидтар идома доранд.
Бар асари задухӯрдҳо бо нерӯҳои мақомоти интизомӣ 248 нафар ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намуданд. Беш аз садҳо нафар тазоҳургарону кормандони милиса, зиёда аз 30 нафар журналистон осеб дида, дар бораи талафоти ҷонӣ низ маълумот расидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста