Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, муовини Раиси ҳизб Асрор Латипов ва аъзои кумиҷроия ҷаласа баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, ҷаласа ба натиҷаҳои ҳисоботи кумиҷроияи вилоятӣ оид ба фаъолият дар соли 2013 бахшида шуда, бо ризояти иштирокчиёни ҷаласа нахуст масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид.
«Аъзои Раёсат Қоҳир Расулзода ва аъзои кумиҷроия Шарифҷон Шарифов бинобар иваз шудани макони зисташон аз ҳайати Раёсат ва кумиҷроия бароварда шуда, ба ҷои онҳо и.в. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба аъзогии Раёсат ва кумиҷроияи ҳизб роҳбари Дастгоҳи Раиси вилоят Рустамҷон Ғиёсов ба аъзогии кумиҷроияи вилоятии ҳизб пазируфта шуданд», - зикр мегардад дар иттилои сомонаи ҳизб.
Гуфта мешавад, инчунин бинобар сабаби ба амал омадани тағйироти кадрӣ Даврон Зоҳидов ба вазифаи раиси шаҳри Исфара гузаштанаш ба вазифаи раиси Ҳизби Халқи Демокаратии Тоҷикистон дар вилоят номзадии Сарфароз Юнусов пешниҳод карда шуд ва якдилона интихоб гардид.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 237 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста