Вакили парлумони Қирғизистон аз фраксияи Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Ирина Карамушкина дар ҷаласаи кумита оид ба мудофиа ва амнияти парлумон пешниҳод кардааст, ки бинобар сабаби афзудани муноқишаҳо, ҳарими ҳавойии Қирғизистон барои Тоҷикистон баста шавад.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки сохтмони роҳи баҳснок дар вилояти Ботканд мутаваққиф шуда, сокинони маҳаллӣ дархост кардаанд, ки марз ба ҳеҷ ваҷҳ кушода нашавад. «Танҳо бо шарти ҳалли пурраи мушкилоти марзӣ, онҳо омодаанд, ки сабр кунанд», - гуфтааст вакил.
Ёдрас мекунем, ки 11-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни марзбонони ҳарду давлат муноқишаи мусаллаҳона ба вукӯъ пайваст. Пас аз ин Қирғизистон якҷониба ҳамаи гузаргоҳҳои марзиаш бо Тоҷикистонро баст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста