Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар мавриди ба Ворух омадани дастаи генерал Шоҳ Искандаров ба Тоҷикистон нотаи навбатии чорумро ирсол намуд. Дар ин бора хабаргузории «24.kg» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКХ Қирғизистон, ба ВКХ Тоҷикистон оид ба номақбул будани таҷаммӯъи зиёди нерӯҳои низомӣ дар ноҳияи наздимарзӣ нотаи дахлдор фиристода шудааст. Хабаргузории қирғиз менависад, ба ВКХ Қирғизистон аллакай аз Тоҷикистон посухи расмӣ расидааст.
«Ҳукуматдорони кишвари ҳамсоя изҳор намуданд, ки ба тафтиши муштараки муноқиша розӣ буда, ҳамчунин ваъда доданд, ки нерӯҳои низомиро аз қаламрави ноҳияи Исфара дуртар мебаранд. Айни замон ҷузъиёти баргузории ин тадбир ва ҳайати комиссияи дуҷонибаи тафтиши муноқиша дар марз мавриди баррасӣ қарор дорад», - иттилоъ медиҳад «24.kg» бо истинод ба ВКХ Қирғизистон.
Ёдрас мекунем, ки ВАО-и Русия қаблан иттилоъ дода буданд, ки дар наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон то 150 нафар низомиёни мусаллаҳи дастаи генерал Шоҳ Искандаров ба мушоҳида расидаанд.
Қобили зикр аст, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ҷиҳати иштирок дар кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизисон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ имрӯз ба Бишкек раҳсипор шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста