Бо шарти аз ҷониби Қирғизистон эътироф гардидани роҳи автомобилгарди пайвасткунандаи Исфара бо ҷамоати тоҷикии Воруху деҳаи Хоҷаи Аъло, Тоҷикистон ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик, ки қиъаҳои баҳсноки марзро убур мекунад, ба кишвари ҳамсоя розигӣ медиҳад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ, агар ин масъала бо пазируфтани пешниҳоди мазкури Тоҷикистон ҳал шавад, маҳаллаҳои тоҷикнишини Ворух ва Хоҷаи Аъло дигар ҷазирақаламрав намешаванд. «Агар ин пешниҳод аз ҷониби кишвари ҳамсоя пазируфта шавад, ба ҳалли мушкилоти зиёди мавҷуда дар қитъаҳои баҳскноки марзи давлатӣ мусоидат мекунад», - зикр кард манбаъ.
Манбаъ ҳамчунин гуфт, маълумоти имрӯз аз ҷониби ВАО-и қирғиз интишоршуда дар бораи он, ки дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек Тоҷикистон ба идомаи сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқ-Сой-Тамдик розӣ шудааст, аз эҳтимол дур аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста