Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар робита ба изҳороти сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло нигаронии шадид изҳор намуд.
Дар иттилои ВКХ Туркманистон дар ин робита қайд мешавад, ки санаи 29-уми январ дар маводи хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба А.Ҳукуматулло дар бораи тавофуқи ҳосилшуда миёни Тоҷикистону Афғонистон оид ба сохтмони қитъаи роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон дар қаламрави Афғонистон бо варианти пешниҳодшудаи Тоҷикистон маълумот дода шудааст.
«Таври маъмул ва мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, мувофиқасозии лоиҳаҳои бисёрҷониба бар асоси тафоҳуми ҳамдигарӣ ва баробарӣ миёни ҷонибҳои ҳузурдошта дар омодакунӣ ва амалисозии он сурат мегирад. Изҳороти роҳбари Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар бораи мувофиқасозии қисмати роҳи оҳан бо пайвастан ба марзи Туркманистону Афғонистон бидуни иштироки Туркманистон комилан қобили қабули Туркманистон нест. Дар ин робита ҷониби Туркманистон эътирози қотеъона изҳор намуда, зикр мекунад, ки чунин изҳорот ба салоҳи кор ва мувофиқи мақсад нест», - гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ Туркманистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста