Ахири моҳи гузашта баъди аз ҷониби Қирғизистон якҷониба баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон бар асари муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дархости роҳандозии ҳарчи зудтари реҷаи убури автомашинаҳои самти Тоҷикистон тариқи гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ёддошт ирсол намуд.
Аз намояндагии дипломатии Тошканд дар Душанбе ба хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чанде қабл дар ёддошти ҷавобии худ ҷониби Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълумот дод, ки ба автомашинаҳои боркаше, ки ба самти Тоҷикистон равонаанд, бо реҷаи тезтар ба убури марз тариқи гузаргоҳҳои ҳарду кишвар иҷозат дода шудааст.
«Қаблан агар марзбонон ва гумрукчиёни Ӯзбекистон дар марз бо Тоҷикистон дар як шабонарӯз ба иҷозати убури 10-12 автомашина фурсат меёфтанд, акнун ба убури 90-100 автомашина дар як шабонарӯз иҷозат дода мешавад», - зикр карданд дар сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста