Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сиюпанҷумин солгарди Инқилоби Исломӣ ба унвони президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишвари дӯсту бародари Эрон аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
«Мо итминон дорем, ки муносибатҳои созандаю судманди мо дар оянда низ пайваста бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ гашта, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётии ҳар ду кишвар хоҳанд буд», - баён мегардад дар барқия.
Гуфта мешавад, тайи солҳои охир ҷонибҳо дар бахшҳои муҳимтарини ҳамкорӣ ба тавофуқоти муҳиму сершумор расида, ҷараёни иҷрои онро таҳти пайгирӣ қарор додаанд.
«Мо хоҳони вусъати бештару хубтари ин ҳамкориҳо ва кушодани саҳифаҳои ҷадиди тавсеаи равобити густурдаи Тоҷикистону Эрон буда, итминон дорем, ки кишвари бародар низ дар садади чунин ҳадафҳост», - омадааст дар барқия.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста