Давлатшо Гулмаҳмадовро номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешниҳод карданд.
Чуноне раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Тоҷинисо Шарипова хабар дод, конфронси ин ҳизб дар ноҳияи Қубодиён номзадии и.в раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадовро ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии №38 Қубодиён пешниҳод кард.
Гулмаҳмадов рузи 8-ум феврал зимни як суханрониаш дар назди интихобкунандагон изҳор дошт, ки номзадии ӯро аз се ҳавзаи ноҳияи Панҷ, Восеъ ва Қубодиён пешниҳод карданд, ва ӯ вазъи ин ҳавзаҳоро омӯхта, ба хулосае расидааст, ки номзадиашро аз ҳавзаи инихоботии №38 Қубодиён пешбари намояд. «Чаро? Ба хотири он, к ки дар ин ноҳия мушкилоти ҳалталаб зиёданд ва умед дорам дар якҷоягӣ бо Шумо мо ин мушкилотро ҳаллу фасл хоҳем кард», - иброз дошт ӯ.
Дар барномаи пешазинтихоботии раиси вилоят таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингард ва таъмини аҳолии ноҳия бо оби тозаи ошомиданӣ дарҷ ёфтаанд.
Қобили зикр аст, ки интихобот дар ин ҳавза ва ҳавзаҳои №22 Восеъ бо номзадии номзадии муовини аввали раиси вилоят Қурбонбой Каримов ва ҳавзаи интихоботии №52 Панҷ бо номзадии муовини раиси вилоят Абдуҷабор Баҳодуров 23-юми феврал сурат хоҳад гирифт.
Бино ба маълумот аз ҳавзаҳои интихоботӣ, дар муқобили раиси вилоят ва муовинонаш дигар номзаде нест. Аҳзоби сиёсии дигар номзадҳояшонро пешбарӣ накардаанд. Ҳар се номзад аз ҲХДТ пешбарӣ шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста