Дар шарҳи масъалаи аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ, раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани қарор дар бораи аз пардохти андоз озод шудани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», вакили парлумон, раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки бе розигии палатаи поёнии парлумон ҳукумат ва президенти Тоҷикистон яктарафа ба озод кардани ин ё он корхона, ширкат ё ба истилоҳи дигар субъекти хоҷагидор аз андозсупорӣ ҳуқуқ надоранд. Дар қарори дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қароргирифта санаи 3-юми январи соли 2014 дарҷ ёфтааст.
«Тамоми масъалаҳои марбут ба қисмати даромад ё хароҷоти буҷети давлатии кишвар, бахусус масъалаи аз пардохти андоз озод шудани ҳама гуна субъекти хоҷагидор бояд аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ карда шаванд», - иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумон ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иттилоъ доданд, ки пешниҳоди президент дар бораи аз пардохти андоз озод кардани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» то ҳанӯз барои баррасӣ ба онҳо нарасидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста