Раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба умури байнулмилалӣ, иттиҳодлияҳои ҷамъиятӣ ва итттилоот Олим Салимзода дар ҷаласаҳои зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА), ки имрӯз дар шаҳри Вена ба кор шурӯъ мекунад, ширкат хоҳад варзид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ин ҷаласаҳо баррасии масоили рушди ҷомеаи полиэтникӣ ва бисёрфарҳангӣ дар минтақаи САҲА, роҳу воситахои паси сар намудани буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин нақши ВАО дар таъмини идоракунии пурсамар дар назар аст.
«Дар доираи иштирок дар кори ҷаласаҳо Олим Салимзода бо раҳбарияти Ассамблеяи парлумонии САҲА як қатор мулоқотҳо анҷом доданист, ки дар онҳо масоили таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ дар минтақаи САҲА мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт», - иброз дошт Султонов.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаҳои зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА 130 нафар вакилон аз кишварҳои узви САҲА иштирок мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста